IQNA

Ҳимоят аз Фаластин дар донишгоҳҳои саросари Амрико ва Фаронса

6:28 - April 27, 2024
рақами хабар: 1416
ИКНА - Ҷунбиши донишҷӯӣ дар ҳимоят аз Фаластин дар саросари Амрико шиддат гирифта ва ба чанд кишвари дигар сироят карда ва токунун садҳо донишҷӯ тавассути полис дастгир шудаанд.

Донишҷӯён дар ин кишварҳо ҳамвора аз гурӯҳҳои пештози ҳомии Фаластин будаанд, аммо ҳамалоти ваҳшиёна ва густурдаи низомиёни палиди саҳюнистӣ алайҳи мардуми мазлум ва бедифои Фаластин дар беш аз 200 рӯзи гузашта ва шаҳодат ва маҷрӯҳ шудани ҳазорон фаластинии бегуноҳ, сабаби шиддат гирифтани мавҷи эътирозот дар миёни гурӯҳҳои мухталифи донишҷӯӣ дар донишгоҳҳои саросари Амрико ва бархе кишварҳои аврупоӣ шудааст.

Акнун мавҷи сареъ аз эътирозот, ки ёдовари ҷунбиши зидди ҷанги Ветнам аст, донишгоҳҳои саросари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дар посух ба ҷанги Исроил алайҳи Ғазза фаро гирифтааст, ки мунҷар ба дастгирии садҳо нафар ва онлайн шудани теъдоди зиёде аз дарсҳо шудааст, мавҷе, ки ба донишгоҳҳои Аврупо низ расида ва онро таҷриба кардаанд.

Дар гузориши ҳозир бахше аз эътирозоти донишҷӯён дар Амрико ва Аврупо алайҳи Исроили ҷинояткор ва дар ҳимоят аз Фаластин, ки расонаӣ шуда, ба тасвир кашида шудааст:

Тазоҳуроти зидди саҳюнистӣ ба кадомяк аз донишгоҳҳои Амрико сироят кардааст?

Донишгоҳи Колумбия

Ҳамлаи полис ба донишҷӯён ва бозддошти онҳо дар донишгоҳи Колумбияи Амрико эътирозоти зидди Исроилиро дар Амрико дубора шӯълавар сохт.

Донишгоҳи Колумбия як донишгоҳи хусусӣ дар шаҳри Ню-Йорк аст ва даргирӣ миёни донишҷӯён ва полис пас аз он сурат гирифт, ки бархе мақомҳои ин донишгоҳ аз полис хостанд, таҷаммуъи эътирозии донишҷӯён алайҳи Исроилро ҷамъ кунад.

Қабл аз ин даргириҳо, донишҷӯёни ин донишгоҳ аз масъулони донишгоҳ хостанд то равобити худро бо ширкатҳо ва муассисоти исроилӣ қатъ кунанд.

Ин гурӯҳ аз донишҷӯён авоили рӯзи чаҳоршанбе гузашта иқдом ба барпоии чодарҳо дар яке аз муҳавватаҳои чаманҳои донишгоҳ намуданд.

Бо идомаи таниш дар Колумбия ва тарси бархе аз донишҷӯён аз по гузоштан дар муҳавватаи донишгоҳ ва дастгирӣ тавассути полис, масъулони ин донишгоҳ эълом карданд, ки донишгоҳ то поёни терм ба ёдгирии таркиби рӯй хоҳад овард, ба ин маъне, ки бархе аз дарсоҳ онлайн хоҳанд шуд.

Агар чӣ, Колумбия ҷадидтарин донишгоҳе аст, ки шоҳиди тазоҳуроти зидди саҳюнистӣ дар Амрико аст, аммо ин донишгоҳ, пештар низ савобиқи эътироз доштааст; Ба вижа дар соли 1968 замоне, ки садҳо донишҷӯи хашмгин аз нажодпарастӣ ва ҷанги Ветнам, панҷ сохтумони донишгоҳро ишғол карданд.

Донишгоҳи Йел

Донишгоҳи Йел як донишгоҳи хусусӣ даршҳри Ню-Хейвен, аёлти Коннектикути Амрико аст, ки тибқи гузоришҳои расонаӣ, полиси ин шаҳр бомдоди рӯз душанбе теъдоди 60 нафар аз ҷумла 47 донишҷӯро дастгир кардааст.

Боздошти донишҷӯён дар беш аз як ҳафтаи ахир, пас аз он сурат гирифт, ки гурӯҳе аз донишҷӯёни фориғуттаҳсил эътисоби ғизо карданд то аз яке аз мадорис ва коллеҷҳои машҳури вобаста ба донишгоҳи яъне «Айви Лиг» бихоҳанд, ки аз ҳамкорӣ бо ширкатҳои мусаллаҳи вобаста ба Исроил сарфи назар кунад.

Гурӯҳи донишҷӯии эътисобкунандагон «гуруснагӣ барои Фаластин» бо ирсоли номае ба «Салви» мудири донишгоҳ, «Йел»-ро ба “ҳамдастии наслкушӣ” дар Ғазза муттаҳам карда ва аз ӯ хостааст, ки ошкоро ба сармоягузории донишгоҳ дар ширкатҳои таслиҳотии вобаста ба Исроил поён диҳад.

Донишгоҳи Ню-Йорк

Полиси Ню-Йорк дар гузорише эълом кард, ки теъдоди 133 мӯътаризи алайҳи Исроилро дар авохири рӯз душанбе пас аз тазоҳурот дар донишгоҳи Ню-Йорк дар майдони муқобили донишкадаи бозаргонии ин донишгоҳ, боздошт шуданд.

Сухангӯи донишгоҳи Ню-Йорк ба расонаҳо гуфт ин тазоҳурот бидуни иттилои қаблӣ ё касби муҷаввиз аз мароҷеъи муртабит баргузор шудааст.

Донишгоҳи Массачусетс

Иёлти Массачусетс, дар шарқи Амрико ба далели вуҷуди муассисоти академик ва донишгоҳи шӯҳрат гирифта, аммо Бостон маркази ин аёлт низ дар як ҳафтаи ахир шоҳиди барпоии чандин урдугоҳи эътирозии зидди ҷанги золимонаи Исроил алайҳи Фаластин будааст.

Донишҷӯёни коллеҷи «Эмерсон» чодарҳоеро дар наздикии сохтумонҳои донишгоҳӣ дар маркази шаҳри Бостон барпо карданд. Гурӯҳе аз донишҷӯёни донишгоҳи Тафтс низ дар ин шаҳр як кампайни чодарӣ дар «Медфорд» роҳандозӣ карданд.

Донишгоҳи Эмори

Ҷунбиши донишҷӯён алайҳи Исроил дар Амрико хеле зуд ҳамагир шуд. Донишҷӯёни ин донишгоҳ низ бо барпо кардани чодар ва таҷаммӯъоти эътирозӣ хостори оташбаси фаврӣ дар Ғазза ва адами ҳимояти мошини ҷанги Телавив тавассути Вашингтон ва Кохи Сафед шуданд.

Аммо расонаҳо гузориш доданд неруи полиси аёлти Ҷурҷиё аз туфангҳои шукер дар саркӯб ва эъмоли хушунат алайҳи ин донишҷӯён истифода карданд ва мӯътаризонро дар муҳавватаи донишгоҳи Эмори (Emory University) дар Атлантаи иёлти Ҷурҷиё дастгир карданд.

Донишгоҳи Ҳарвард

Теъдоде аз донишҷӯёни донишгоҳи Ҳарвард низ як рӯз пас аз мамнуъияти фаъолияти гурӯҳи «кумитаи ҳамбстагии Фаластин» ва чанд рӯз пас аз маҳдуд шудани дастрасии донишгоҳ ба чаманзор, дар муҳавватаи Ҳарвард чодари эътирозӣ барпо карданд.

Донишгоҳи Бравн

Донишгоҳ Бравн аз қадимитарин донишгоҳҳои Амрико дар шаҳри Правиденси иёлати Род-Айленд аст, ки донишҷӯёни он дар ҷунбиши кунунӣ фаъолияти муассире дошта ва чандин чодари эътирозӣ дар порки донишгоҳ, барпо карданд ва аз масъулони донишгоҳ хостанд то ширкатҳои созандаи силоҳ барои Исроилро таъмини молӣ накарда ва бо онҳо ҳамкорӣ ва фаъолияти муштарак надошта бошанд.

Донишгоҳи Мичиган

Донишҷӯёни мӯътариз беш аз 30 чодар дар бахши марказии донишгоҳи Мичиган барпо карданд, ки полис дар даргирӣ бо донишҷӯён теъдоди зиёде аз ин хаймаҳоро барчид ва гурӯҳе аз донишҷӯёнро дастгир кард.

Донишгоҳи Миннесота

Донишгоҳи Миннесота дар шаҳри Миннеаполис дар иёлати Миннесотаи Амрико низ арсаи корузори полис ва донишҷӯёни мӯътариз буд. Тибқи гузоришҳои мунташира рӯзи сешанбе 9 нафар аз донишҷӯён ва мӯътаризони зидди ҷанг дар донишгоҳи Миннесота тавассути полис ва пас аз барҳам задани кампайни эътирозии онҳо, дастгир шуданд.

Донишгоҳи Техас

Дар ҷануби Амрико, гурӯҳи бузургӣ аз донишҷӯёни донишгоҳи Техас рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳри Остин, бахше аз муҳавватаи чаманзорро ихтисос ба барпоӣ чодари эътирозӣ ба ҷанги Исроил алайҳи Фаластин доданд, ки бо ҳамлаи полис теъдоде аз донишҷӯён дастгир ва чодарҳо барчида шуд.

Донишгоҳи Беркли

Дар соҳили ғарби Амрико донишҷӯёни донишгоҳи Беркли дар Калифорния хайма заданд ва аз масъулони ин донишгоҳ хостанд то аз ироаи кумаки молии ғайримустақим ба Исроил иҷтиноб кунанд ва дар айни ҳол як барномаи мутолиоти фаластинӣ дар ин донишгоҳ роҳандозӣ кунанд.

Донишгоҳи Калифорнияи Ҷанубӣ

Дар донишгоҳи Калифорнияи Ҷанубӣ дар Лос-Анҷлес, бархе аз мӯътаризон қабл аз инки тавассути неруҳои полиси маҳаллӣ дастгир шаванд, иқдом ба барпоии чодари Фаластин карданд, ки теъдоде аз донишҷӯён барои ҳимоят аз ин иқдом дар атрофи ин чодар таҷаммӯъ карданд.

Донишгоҳи политехникии Гумболд

Теъдоде аз донишҷуёни донишгоҳи пполитехникии Гумболди Калифорния дар шаҳир Гумбольдт ба ҳамроҳи гурӯҳи дигаре аз мӯътаризон душанбе шаб пас аз ишғоли як сохтумони ин донишгоҳ, бо бархурди полис рӯбарӯ шуданд ва пас аз он буд, ки эълом шуд муҳавватаи донишгоҳ то панҷшанбе мамнуълвуруд аст ва бархе дарсҳо низ аз ҳузурӣ ба онлайн тағйири шакл дода шуд.

Соири донишгоҳҳои Амрико

Теъдоди зиёди дигаре аз донишгоҳҳои Амрико ҳамчунон дар ҳоли пайвастан ба хезиши азими донишҷӯёни ин кишвар алайҳи ҷиноятҳои Исроил ҳастанд, тибқи гузоришҳои мунташира расонаҳои мухталиф то субҳи ҷумъа муҳавватаи донишгоҳи Нурс Вестерн дар Эванстон Иллинойс ва ҳамчунин донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон шоҳиди эътирозоти донишҷӯёни мӯътариз будааст.

Донишҷӯёни Ҷорҷ Вашингтон бо интишори тасовири эътирозии худ дар муҳавватаи ин донишгоҳ дар шабакаҳои маҷозӣ эълом карданд, ки қасд надоранд ба ин зудӣ чодарҳои ҳимоят аз Фаластинро ҷамъ кунанд.

Эътирози донишгоҳҳои дигар дар хориҷ аз Амрико

Пас авҷгирифтани ҷунбиши зидди исроилӣ дар донишгоҳҳои Амрико, гирдиҳамоӣ донишҷӯёни ҳомии Фаластин дар коллеҷи Sciences Po Paris дар Фаронса баргузор шуд. Ин донишгоҳ бо донишгоҳи Колумбияи Амрико фаъолияти муштараки омӯзишӣ дорад.

Донишҷӯёни мӯътаризи фаронсавӣ хостори қатъи робита ва ҳамкории ин донишгоҳ бо донишгоҳҳо ва ширкатҳои даргир дар ҷанги Исроил алайҳи Ғазза шуданд.

Донишҷӯёни фаронсавӣ пештар низ таҳти раҳбарии донишҷӯёни донишгоҳи Сорбон дар Париж маркази ин кишвар тазоҳуроти эътирозомези густурдаеро алайҳи Исроил ба роҳандохтанд ва аз давлати Макрон хостанд то аз Исроил дар ҷанги Ғазза ҳимоят накунад ва масъулияти ҳимояти ошкор аз Фаластиниҳоро бар уҳда гирад.

https://tajikpress.com/2024/04/27/

captcha